ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар 14 боғи истироҳативу фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт аз тарафи ширкатҳои мобилӣ ва интернет провайдерҳои мобилӣ интернети ройгон аз рӯи технологияи Wi-Fi насб гардидааст.
Дар ин бора мудири Шуъбаи технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Лоиқ Шералӣ ба “Паёми Душанбе” хабар додааст.
Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки дар нақлиёти ҷамъиятии хатсайрҳои марказӣ таҷҳизотҳои Wi-Fi насб гардидаанд, ки мусофирон аз интернети ройгон истифода менамоянд.
Ҳамчунин вай қайд кард, ки мақомот ният дорад нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро бо интернет тариқи Wi-Fi пурра таъмин намояд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаҳои иҷтимоии Wi-Fi дар Душанбе ба дастрасии ройгон ё арзони интернет дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (паркҳо, хиёбонҳо, китобхонаҳо) равона шудаанд.
Ҳадафи асосӣ — афзоиши саводнокии рақамӣ ва дастгирии шаҳрвандон тавассути операторҳои пешсафи мобилӣ мебошад, ки инфрасохтори шаҳриро бо интернет таъмин мекунанд.