ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Нашрияи “Daily Express” аз нашри маконҳои ширкатҳои истеҳсоли паҳподҳои низомӣ барои Украина дар Аврупоро таҳдиди мустақим барои Британияи Кабир номид.
"Русия таҳдиди мустақиме кардааст, ки ба ҳадафҳои бритониёӣ дар Лондон, Лестер ва Саффолк ҳамла хоҳад кард", - қайд кардааст нашрия.
Ҳамчунин нашрия аз муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев иқтибос меорад, ки гуфтааст, аврупоиҳо бояд изҳороти Вазорати дифои Русияро ба таври ҷиддӣ қабул кунанд.
Дар мақолаи дигар, рӯзномаи Daily Express рӯйхати маконҳои амнро дар Британияи Кабир, ки дур аз пойгоҳҳои низомии заминӣ ва баҳрӣ, инчунин шаҳрҳои калон ҷойгиранд, нашр кард.
Рӯзи гузашта Вазорати дифои Русия маълумотеро нашр кард, ки дар дар бораи ширкатҳои украинӣ, ки паҳподҳои низомӣ ва ҷузъҳои онҳоро истеҳсол мекунанд, маълумот дода шудааст. Дар изҳороти Вазорати дифои Русия гуфта шудааст, ки чунин корхонаҳо дар ҳашт кишвари аврупоӣ ҷойгиранд.