ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Британияи Кабир то соли 2026 ба Киев 120,000 ҳавопаймои бесарнишин интиқол медиҳад.
Ин дар изҳороти Вазорати дифои Бритониё, ки пеш аз ҷаласаи Гурӯҳи тамосии “Рамштайн” оид ба Украина дар Берлин паҳн шуда буд, эълон шудааст.
"Британияи Кабир бузургтарин таҳвили ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба Украина эълон мекунад; имсол ба Украина ҳадди аққал 120,000 ҳавопаймои бесарнишин интиқол дода мешавад", - гуфт вазорат.
Аз ҷумла, Лондон ҳазорҳо ҳавопаймоҳои бесарнишини дурпарвоз, кашфиётӣ, логистикӣ ва баҳриро ба Киев интиқол медиҳад. Аксари ин ҳавопаймоҳо дар Британияи Кабир аз ҷониби ширкатҳои “Tekever”, “Windracers” ва “Malloy Aeronautics” истеҳсол карда мешаванд.
Дар изҳорот гуфта мешавад: "Интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишини аллакай моҳи сипарӣ оғоз шудааст."
Вазорати дифоъ изҳор дошт, ки имсол Бритониё садҳо ҳазор снарядро ба Украина интиқол медиҳад.
Русия бар он назар аст, ки таъмини силоҳ ба Украина ба ҳалли низоъ халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман дар низоъ ҷалб мекунад ва "бозӣ бо оташ" аст. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ барои Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.