ДУШАНБЕ, 14 апр – Sputnik. Барои муҳоҷирони меҳнатӣ гузаштани бақайдгирии дактилоскопӣ, гирифтани ташхиси тиббӣ ва санҷиши мавҷуд ё набудани маҳдудиятҳо барои ворид шудан ба Русия дар Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Русия дар Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 сурат мегирад.
Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар додааст. гузаштани бақайдгирии дактилоскопӣ, гирифтани ташхиси тиббӣ ва санҷиши мавҷуд ё набудани маҳдудиятҳо барои ворид шудан ба Русия дар Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Русия дар Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, дохили бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, сурат мегирад”, - қайд кардааст Хадамот.
Ба иттилои манбаъ, дар он ҷо муҳоҷирони мезнатӣ метавонанд пешакӣ чунин амалҳоро анҷом диҳанд.
Қайд карда шудааст, ки иҷрои пешакии тамоми расмиёти зарурӣ дар Ватан на танҳо вақти шуморо ҳангоми убури сарҳад ва баъди ворид шудан ба Русия ба таври назаррас сарфа мекунад, балки заминаи боэътимодро барои будубоши қонунӣ, бехатар ва устувор дар ҳудуди Русия фароҳам месозад.
Ин ниҳоди давлатӣ ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки аз хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Русия дар Тоҷикистон, истифода баранд.
Илова бар ин, Хадамот барои содда гардонидани раванди воридшавӣ ва кам кардани вақти гузаштан аз назорати сарҳадӣ ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки пешакӣ тавассути барномаи мобилии “Госуслуги RUID” ариза пешниҳод намудоянд ва рамзи QR-и заруриро дастрас намоед.
Қайд карда шудааст, ки анҷом додани ин тартибот пеш аз сафар ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки вақти убури сарҳадро ба таври назаррас кам намоед, раванди воридшавӣ ва расмиёти баъдӣ дар Русияро содда гардонад ва дар баъзе ҳолатҳо аз такроран гузаштани расмиёти биометрӣ ва ташхиси тиббӣ худдорӣ намоянд.
Хаджамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, тамоми тартиботи зарурии пеш аз сафарро ҳанӯз дар ҳудуди Тоҷикистон анҷом диҳанд.
“Ин раванд сафарро барои шумо муназзамтар гардонида, хавфҳоро коҳиш медиҳад ва барои будубоши қонунӣ ва бароҳати шумо дар Русия мусоидат менамояд”, - қайд кардааст Хадамот.