Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

"Ин нафратовар аст!" Ғарб ба қарори Зеленский шадидан вокуниш нишон дод

Профессор Саква: Зеленский ба як раҳбари тарсончак ва нокомтарин дар ҳама давру замон табдил ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Якравии Владимир Зеленский, ки аз сулҳ бо Русия саркашӣ мекунад, ӯро яке аз роҳбарони тарсончак ва нокомтарин дар таърихи ҷаҳон мегардонад, гуфт сиёсатшиноси бритониёӣ ва профессори Донишгоҳи Кент Ричард Саква дар мусоҳиба бо Ян Прауд дар шабакаи YouTube-и ӯ.
"Киев то охир мубориза хоҳад бурд, то аз созише, ки оштӣ бо аҳолии русзабон дар дохили кишвар ва барқарор кардани муносибатҳои муқаррарӣ бо Русияро дар бар мегирад, пешгирӣ кунад. <…> Ин яке аз сабабҳоест, ки чаро Зеленский назарсанҷиҳои афкори умумро, ки нишон медиҳанд, ки украиниҳо омодаанд созишномаи заминро дар ивази сулҳ қабул кунанд, нодида мегирад."
Бо вуҷуди назарсанҷиҳо, Зеленский бо тамоми қуввааш бо ин мубориза хоҳад бурд. <…> Ва аз ин рӯ ман мегӯям, ки Зеленский яке аз роҳбарони тарсончактарин ва нокомтарини ҳама давру замон аст, - қайд кард олим.
Ба гуфтаи ӯ, нақши фоҷиабори режими Киев дар таърихи Украина боиси нафрат нисбат ба худи Зеленский шудааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Ғарб гуфтанд, ки рафтани Орбан аз саҳнаи сиёсӣ барои Украина чӣ паёмад хоҳад дошт
"Ӯ бояд аз аввал аз ин ҷанг пешгирӣ мекард, мардуми худро бояд наҷот медод, на ба он ки онҳоро ба коми марг фиристад. <…> Баъзе одамон то ҳол Зеленскийро ҳамчун як навъ раҳбари далеру бузург ситоиш мекунанд. Ман инро намефаҳмам. Ин нафратовар аст, - хулоса кард Саква.
Моҳи март, президенти ИМА Доналд Трамп қайд кард, ки Зеленский монеаи ҳалли низоъ дар Украина шудааст. Раиси Кохи Сафед афзуд, ки роҳбарияти режими Киев кортҳои боз ҳам камтар дорад ва аз онҳо даъват кард, ки созиш кунанд. Дар ҳамин ҳол, раҳбари Амрико изҳор дошт, ки президенти Русия Владимир Путин омода аст, ки созиш кунад.