Ҳаҷми истеҳсоли барқ дар соли равон ба маротиб афзоиш меёбад

Вазорати иқтисоди Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ то 25,4 млрд. кВт/соат афзоиш меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Ахиран муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло дар ҷаласае, таъкид кард, ки тибқи баҳодиҳии пешакӣ дар соли 2026 рушди воқеии соҳаи саноат 125,2 фоиз афзоиш меёбад.
Ҳамчунин ба иттилои вазорат бахши кишоварзӣ 108,6%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 114% пешбинӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ то 25,4 млрд. кВт/соат афзоиш меёбад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Бонки АвруОсиёии Рушд дар гузориши макроиқтисодии моҳи марти худ пешгӯи кард, ки ММД-и Тоҷикистон дар соли равон 8,1% афзоиш меёбад.
Ба иттилои ҳамин Бонк истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳи январ нисбат ба соли гузашта 17,4% афзоиш ёфт.
Қайд карда шудааст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар соли гузшта 22,1% афзоиш ёфта буд.
Бонк омилҳои асосии ин афзоишро низ номбар кард. Ба иттилои ҳамин бонк омили асосӣ 9,6% афзоиши истихроҷи маъдан ва 33,8% афзоиши саноати истеҳсолӣ будастд.
Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва фарҳанг густариш хоҳанд дод.
Ин суръати иқтисодӣ аз ҷониби талаботи қавии истеъмолӣ, сармоягузорӣ ва беруна дастгирӣ карда мешавад: фурӯши чакана дар муқоиса бо соли гузашта 25,5%, сармоягузорӣ дар муқоиса бо соли гузашта 39,3% ва даромади содирот дар муқоиса бо соли гузашта 53% афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ширкати “S&P Global Ratings”, рейтинги қарзии Тоҷикистонро дар сатҳи B қарор дода, дурнаморо аз "устувор" ба "мусбат" баланд бардошт.
Дар ҳамин ҳол, ширкати “S&P Global Ratings” дар гузориши ахири худ навишта буд, ки афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли 2026 аз 8,4% дар соли гузашта то 7,1% коҳиш ёфта, таваррум аз 3,5% то 5% зиёд мешавад.
S&P таъкид мекунад, ки дар муқоисаи ҷаҳонӣ, ММД-и Тоҷикистон ба сари аҳолӣ хеле паст боқӣ мемонад. Дар байни хатарҳои асосии сохторӣ барои иқтисоди кишвар, оҷонсӣ аз ҳаҷми баланди интиқоли пулро, ки ба 60% ММД мерасад, қайд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон афзоиши иқтисодро дар солҳои 2026, 2027 ва 2028 мутаносибан 8,5%, 8,3% ва 8,6% пешгӯӣ мекунад.