Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

ВАО: Амалҳои густохонаи Зеленский шонси пайвастани Украина ба ИА-ро заъиф кард

Узвият дар ИА ҳадди ақали эҳтироми мутақобиларо пешбинӣ мекунад: ҳар як кишвар ҳақ дорад, ки андешаи худро нигоҳ дорад, аммо фишор набояд аз марзҳои системавӣ ва ҳуқуқӣ убур кунад, зикр шудааст дар нашрия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Таҳдидҳо ва шантажи Владимир Зеленский нисбати сарвазири Маҷористон Виктор Орбан имкониятҳои Украинаро барои пайвастан ба ИА халалдор мекунанд, менависад The ​​European Conservative.
"Дар ҳафтаҳои охир, баҳси Маҷористон ва Украина вақте шиддат гирифт, ки Зеленский ошкоро ишора кард, ки агар Будапешт бастаи қарзи 90 млрд еврои ИА-ро боздорад, нерӯҳои мусаллаҳи Украина "бо ӯ бо забони худ сӯҳбат хоҳанд кард".
Ҳатто агар ин чизе ҷуз риторика ҳисоб нашавад ҳам, мубодилаи паёмҳои таҳдидомез барои роҳбарони ИА одат нашудааст", - қайд мешавад дар мақола.
Тавре ки нашрия зикр мекунад, узвият дар ИА ҳадди ақали эҳтироми мутақобиларо пешбинӣ мекунад: ҳар як кишвар ҳақ дорад андешаи худро нигоҳ дорад, аммо фишор набояд аз марзҳои системавӣ ва ҳуқуқӣ убур кунад.
"Ҳар касе, ки аз ин хат мегузарад, на танҳо бо як узви мушаххас, балки бо мантиқи ҷомеа низоъ хоҳад кард",- хулоса мешавад дар матлаб.
Рӯзи 27 январ Украина транзити нафти Русияро тавассути лӯлаи "Дружба" ба Словакия ва Маҷористон бо баҳонаи осеб дидани лӯла қатъ кард.
Будапешт ва Братислава иддао доранд, ки лӯлаи "Дружба" кор мекунад ва қатъи транзит як қарори сиёсӣ ва шантаж аз ҷониби Киев аст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Захарова: Зеленский бо ҳар роҳ кӯшиш мекунад, ки ба ИА ворид шавад
Маҷористон дар посух интиқоли сӯзишвории дизелӣ ба Украинаро қатъ кард ва қарзи ИА-ро масдуд сохт.
Дар айни замон, Словакия изҳор дошт, ки агар Комиссияи Аврупо ба ин вазъият чашм пӯшад, бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро дастгирӣ нахоҳад кард.
Будапешт борҳо изҳор доштааст, ки режими Киев ба маъракаи интихоботӣ барои таъсиси ҳукумати мухолифин таҳти роҳбарии раҳбари ҳизби "Тисса", ки маблағгузории Украина ва пайвастани босуръати онро ба Иттиҳоди Аврупо тасдиқ мекунад, фаъолона дахолат мекунад.