ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Ширкатҳои русиягӣ 72%-и ҳарими ҳавоиро дар масири Русия - Тоҷикистон дар бар мегиранд.
Чаҳор ширкати ҳавопаймоии Русия ба Душанбе парвоз мекунанд.
Ҳамин тавр ширкатҳои зерин: "ЮТэйр", "Уралские авиалинии", "Северний ветер" ва "Сибир-S7" ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекунанд.
Ҳамчунин ширкатҳои Air Astana Қазоқистон, Uzbekistan Airways, Fly Dubai ва Turkish Airlines низ парвозҳои мусофирбарро анҷом медиҳанд.
Ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ Kish Air, Raimon Airways ва Varesh Airlines, Jazeera Airways-и Кувайт, Azal-и Озарбойҷон ва ду ширкати ҳавопаймоии чинӣ, China Airlines ва Loong Air, низ ба Душанбе парвоз мекунанд.
Кадом ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба Душанбе парвоз мекунанд?
© Sputnik
Қобили зикр аст, ки дар соли 2025 фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 2,9 млн мусофирро хидматрасонӣ кардаанд.
Дар соли 2025 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар беш аз 11,500 парвозро хидматрасонӣ кардаанд.
Ҳаҷми умумии бор ва почтае, ки аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабул ва интиқол дода шудааст, дар соли 2025 2394 тоннаро ташкил дод, ки аз ин шумора 346 тонна борҳои содиротӣ ва 2048 тонна борҳои воридотӣ буданд.