Мақомот аз муҳоҷирон хост, пеш аз сафар ба Русия манъи вуруди худро санҷанд

Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишваре, ки ба Русия сафар мекунанд хостааст, пеш аз сафар ҳама расмиёти заруриро пеш аз ҳама дар Тоҷикистон анҷом диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват кардааст, ки пеш аз сафар барои кор ба Русия ҳама расмиёти заруриро, анҷом диҳанд.
Ба иттилои Намояндагӣ пеш аз ҳама муҳоҷири меҳнатӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузарад ва бисанҷад, ки имкони вуруд ба қаламрави Русияро дорад ё на.
"Шаҳрвандони тоҷик – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Русия сафар мекунанд - бояд пеш аз сафар ҳама расмиёти заруриро, аз ҷумла муоинаи тиббӣ ва санҷиши манъи вурудро, анҷом диҳанд", - хабар дод хадамоти матбуоти Намояндагӣ.
Қайд карда мешавад, ки ин чораҳо вақти убури марзро кам карда, будубоши қонунӣ ва бехатари шаҳрвандонро дар Русия таъмин мекунанд.
Сиёсати нави муҳоҷират дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик чӣ маъно дорад
"Бо назардошти сахттар шудани назорат ва тағйирот дар қонунгузории Русия, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки пешакӣ дар Хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе бақайдгирии биометрӣ (аксбардорӣ ва изи ангушт), муоинаи тиббӣ ва санҷиши манъи вуруд гузаранд", - қайд карда мешавад дар изҳорот.
Аз моҳи феврали соли 2026, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд пеш аз вуруд ба Русия аз барои гирифтни патент аз муоинаи тиббӣ гузаронанд. Арзиши он 240 сомонӣ ё 25 доллар аст.