Коршиносони кишварҳои ИИАО сиёсати макроиқтисодиро баррасӣ карданд

Коршиносон қайд карданд, ки суботи макроиқтисодӣ дар кишварҳои иттиҳод дар соли гузашта нигоҳ дошта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Дар ҷаласаи Кумитаи машваратӣ оид ба сиёсати макроиқтисодӣ, ки таҳти раёсати Дониёр Иманалиев, вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди Комиссияи иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид, гузориши соли 2025 дар бораи натиҷаҳо ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва чораҳои андешидаи кишварҳои узв дар соҳаи сиёсати макроиқтисодӣ баррасӣ шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар доданд.
Дар ҷаласа хабар дода шуд, ки ММД-и ИИАО соли гузашта 1,7 фоиз афзоиш ёфт.
Қайд карда шуд, ки дар аксари кишварҳо суръати афзоиш ба таври назаррас зиёд буд. Тадбирҳои системавӣ, ки аз ҷониби кишварҳои узв андешида шуданд, аз ҷумла чораҳое, ки барои пешгирӣ ва ҳалли фаврии номутавозинӣ равона карда шудаанд, суботи макроиқтисодиро таъмин карданд, ки дар натиҷа аксари нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ динамикаи мусбат нишон доданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои мониторинги нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ки устувории рушди иқтисодиро дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё то соли 2025 муайян мекунанд, пешниҳод карда шуданд.
Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки суботи макроиқтисодӣ дар кишварҳои иттиҳод дар соли гузашта нигоҳ дошта шудааст.
Нигоҳ доштани устувории нархҳо авлавияти сиёсати макроиқтисодии кишварҳои Панҷгонаи Авруосиё мебошад.
ИИАО раванди додани ҳуҷҷатҳои махсус барои мошинҳои боркашро содда мекунад
Барои ин, дар ҷаласаи Кумитаи машваратӣ гузориши мукаммал "Дар бораи равишҳо барои беҳтар кардани ҳисобкунии арзиши миқдории сатҳи таваррум, ки аз ҷониби моддаи 63-и Шартнома дар бораи ИИАО муқаррар шудааст", пешниҳод карда шуд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки механизми ҳисобкунии сатҳи таваррумро дар иттиҳод такмил диҳанд. Равишҳо барои таҳияи лоиҳаи Самтҳои асосии рушди иқтисодии ИИАО низ баррасӣ шуданд.
Коршиносон ба мувофиқа расиданд, ки ҳуҷҷати оянда бояд ба фаъолияти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, инчунин ба афзалиятҳои рушд, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии иттиҳод зикр шудаанд, асос ёбад.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои молия ва иқтисодии ИИАО ва бонкҳои марказӣ, инчунин намояндагони давлатҳои нозири ИИАО ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.