Русия Тоҷикистонро ба иштироки фаъол дар рушди соҳаҳои IT ва зеҳни сунъӣ даъват намуд

Дар Душанбе бизнес-форуми Тоҷикистону Русия дар самти инноватсия ва рақамикунонӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апрел – Sputnik. Русия Тоҷикистонроба иштирокифаъол дар рушди соҳаҳои IT ва зеҳни сунъӣ даъват намуд.
Мувини Вазири рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияҳои оммавии Русия Сергей Кучушев ин пешниҳодро дар Баргузориибизнес-форуми ТоҷикистонуРксия дар Душанбе кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Вай ҳангоми суханронӣ, масъалаҳои калидии рушди инфрасохтори рақамӣ, татбиқи технологияҳои пешрафта ва дастгирии экосистемаи инноватсионӣ таъкид намуд.
Мақомдори рус дар форум гуфт, ки дар оянда таъсиси марказҳои коркарди маълумот (data center) пешбинӣ гардида, онҳо метавонанд барои ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Русия низ дастрас бошанд.
Вай гуфт, ин иқдом ҳамчун заминаи муҳим барои рушди лоиҳаҳои муштарак ва густариши инфрасохтори рақамӣ арзёбӣ гардид
Иштирокчиёни форум имкониятҳои ҳамкориро дар бахшҳои стартапҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ баррасӣ намуда, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ изҳор доштанд.
Ифтитоҳи Маркази забони белорусӣ ва технологияи инноватсионӣ дар ДМТ
Дар ҳошияи чорабинӣ вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон ва намояндагони мақомот баргузор гардид.
Қайд карда шудааст, ки дар ин дидорҳо барои роҳандозии ташаббусҳои муштарак ва табодули таҷрибаи пешқадам заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Мақомоти Тоҷикистон зикр кардааст, ки бизнес-форуми мазкур ҳамчун қадами муҳими таҳкими робитаҳои иқтисодию технологӣ байни Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ гардида, ба рушди устувори иқтисоди рақамӣ ва татбиқи васеи инноватсия дар кишвар мусоидат менамояд.