Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Орбан: ИА нияти худро барои фиристодани нерӯҳо ба Украина пинҳон надорад

Сарвазири Маҷористон мегӯяд Иттиҳодияи Аврупо хоҳиши худро барои фиристодани нерӯҳои худ ба Украина пинҳон надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан, изҳор дошт, ки Иттиҳодияи Аврупо ошкоро мехоҳад нерӯҳояшро ба Украина фиристад.
"Қитъаи Аврупо оҳиста-оҳиста, вале бешубҳа [ба низоъ дар Украина] фурӯ меравад ва мехоҳад ҷангро дар Украина идома диҳад. Онҳо мегӯянд, ки то охир аз Украина пуштибонӣ мекунанд ва орзуи фиристодани ҷавонони худро ба ҷабҳаи шарқӣ таҳти парчами ИА пинҳон намекунанд", - гуфт Орбан, дар як чорабинии оммавӣ дар Будапешт ба муносибати Рӯзи дӯстии Маҷористон ва Амрико.
Орбан қаблан изҳор дошт, ки Брюссел Аврупоро барои ҷанг омода мекунад ва ҳузури сарбозони аврупоӣ дар Украина танҳо вақтро талаб мекунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вэнс гуфт бояд низоъ дар Украина чӣ гуна ҳалл шавад
Вай афзуд, ки Маҷористон ягона кишвари Иттиҳодияи Аврупо аст, ки айни замон барои ҷанг омодагӣ намебинад.
Вай илова кард, ки дигар кишварҳои аврупоӣ роҳ ба сӯи низоъро боз кардаанд ва дар он "пеш мераванд".