ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Артиши Русия ба иншооти истеҳсоли системаҳо ва ҷузъҳои идоракунии мушакҳои болдори Украина, инчунин ба фурудгоҳҳои низомии артиши Украина зарба заданд.
"Авиатсияи оперативӣ-тактикӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин, нерӯҳои мушакӣ ва тӯпхонаии артиши Русия ба зерсохтори энергетикӣ ва нақлиётии Украина, ки аз ҷониби артиши Украина истифода мешаванд, инчунин ба иншооти истеҳсоли системаҳо ва ҷузъҳои идоракунии мушакҳои болдор, фурудгоҳҳои ҳарбӣ, корхонаҳои васлкунӣ, анборҳо барои дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин ва киштиҳои бесарнишин, инчунин ба ҷойҳои муваққатии ҷойгиркунии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва зархаридони хориҷӣ дар 153 минтақа зарар расониданд", - қайд кардааст вазорат.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.