Хоруғ ба шаҳри гулҳо табдил меёбад

Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 5 ҳаз. гул шинонида шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ корҳои ободонию сабзазоркунӣ вусъат меёбад.
Дар доираи ин тадбирҳо дар кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва атрофи муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хоруғ 5500 адад гулҳои рангорангу зебо шинонида шуданд.
Корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолият ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) гузарнида шудаанд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории чунин иқдом ободу зебо гардонидани симои шаҳр, фароҳам овардани муҳити солиму зебо барои сокинон ва меҳмонон, инчунин таҳкими ҳисси зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Дар баробари ин, тадбирҳои сабзазоркунӣ ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ низ мусоидат менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ободонию созандагӣ бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ гузаронида шуда, дар оянда низ идома меёбанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран пажуҳишгоҳи "IQAir"-и Швейтсария, ки ба омӯзиши ҳамарӯзаи сифати ҳаво дар ҷаҳон машғул аст, дар соли 2025 Тоҷикистонро аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ бо нишондиҳандаи 57,3 мкг/м³ дар ҷаҳон дар ҷойи 3-юм қарор дод.
Ҳавои мо ифлос нест: Тоҷикистон бо хулосаҳои пажуҳишгоҳи "IQAir"-и розӣ нест
Агентии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон вобаста ба ин раддабандӣ таъкид намудааст, ки чунин баҳогузориҳо ба шарҳи мутавозин, аз лиҳози илмӣ асоснок ва касбӣ арзёбӣ шавад.
Манбаъ афзуд, ки нишондиҳандаҳои кишвар аз маълумоти шумораи ками нуқтаҳои ченкунӣ гирифта шудаанд, махсусан аз нуқтаҳое, ки дар минтақаҳои таъсири партовҳои шаҳрӣ ва интиқоли чангу ғубор насб гардидаанд ва кишвар бо чунин хулосаҳо розӣ нест.