Аз сармоя то нафту газ: Тотористону Тоҷикистон ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд

Тотористон ба имкониятҳои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби муносибатҳои дӯстонаи Русияву Тоҷикистон арҷ мегузорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Тоҷикистону Тотористон дар бахшҳои электроэнергетика, нафту газ татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоя таваҷҷуҳи хос медиҳанд.
Масоили ҳамкории Тоҷикистону Тотористон дар вохурии вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа бо бо Раисҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов баррасӣ шуд.
Тавре дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст дидору мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – "ЭНЕРГОПРОМ" сурат гирифт.
Далер Ҷумъа ба Рустам Минниханов барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, сатҳи баланди ташкил ва баргузории Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – "ЭНЕРГОПРОМ"-ро махсус таъкид кард.
Рустам Минниханов дар ин дидор таъкид кард, ки Тотористон имкониятҳои густариши ҳамкориро бо Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия баланд арзёбӣ мекунад.
Тоҷикистон боз мехоҳад ҳамроҳ бо ширкати “Газпром”-и Русия нафту газ истихроҷ намояд
Ҳамчунин зикр гардид, ки имрӯз барои рушди ҳамкории бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тотористон, ҳамчун яке аз минтақаҳои пешрафтаи саноатии Русия , ва Тоҷикистон имкониятҳои фаровон мавҷуданд.
Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои электроэнергетика, нафту газ татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоя, табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.