ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Дар толори консертии Live Arena-и шаҳри Маскав консерти аҷиби бузург ахшида ба Наврӯз баргузор мешавад.
Тоҷикистониёни муқими Русия имкон пайдо мекунанд Наврӯзро дар фазои тоҷикӣ ҷашн бигиранд.
Созмондиҳандагони ваъда медиҳанд, ки чорабинӣ дар фазои фаромӯшнашаванда ва бошукӯҳ, бо анъанаҳои шарқӣ, сурудҳои дӯстдошта ва намоиши дилнишин баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон ситораҳои дурахшонтарин ва маҳбубтарини саҳнаи попи тоҷик барои ин консерти идона ба Маскав омадаанд.
Дар ин шом барои тоҷикистониён дар саҳнаи Live Arena ситораҳои мусиқии попи Тоҷикистон Шабнами Сурайё, Ҷонибек муродов ва Парвиз Назаров сурудҳои беҳтарини худро месароянд.
Ёдовар мешавем, ки Наврӯз ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карда шудааст ва беш аз 3000 сол боз ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон он як ҷашни миллӣ ба ҳисоб меравад.