ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Вазъият дар Ховари Миёна боиси қатъ шудани харид ва истеҳсолот, инчунин афзоиши хароҷоти ҷузъҳо ва таҷҳизот барои инфрасохтори энергетикии Украина шудааст, хабар медиҳад Politico.
"Кишварҳои халиҷи Форс ҳам ҷустуҷӯи ҳамон ҷузъҳо ва таҷҳизоти заруриро, ки барои Украина ҳам зарур аст, оғоз кардаанд, ки боиси таъхири харид ва истеҳсол ва афзоиши хароҷот шудааст", - изҳор медорад нашрия.
ИМА ва Исроил 28 феврал ба ҳадафҳои Эрон ҳамла карданд. Эрон бо ҳамла ба қаламрави Исроил ва инчунин ба иншооти низомии ИМА дар Ховари Миёна посух дод.
Дар ҳамин ҳол, интиқоли нафту газ тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз — масири калидии интиқоли нафт ва гази моеъ аз Халиҷи Форс ба бозорҳои ҷаҳонӣ — амалан қатъ шудааст. Дар натиҷа, нархи сӯзишворӣ дар аксари кишварҳо боло меравад.
16 январ вазири энергетика ва муовини аввали сарвазири Украина Денис Шмигал дар бахши энержии Украина вазъияти фавқулодда эълон кард. Сергей Коваленко, директори ширкати энергетикии “Ясно” (бахше аз холдинги энергетикии ДТЭК), изҳор дошт, ки қатъи барқ дар Украина метавонад беш аз 16 соат дар як рӯз давом кунад.