ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Русия ва Тоҷикистон нозукиҳои ҳамкорӣ вобаста ба сохтмони иншооти энергетикӣ дар шимоли кишварро баррасӣ доранд, гуфт дар ҳошияи форуми "Энергопром-2026" вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа.
Тавре хабаргузории ТАСС дар истинод ба вазири энергшетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст, дар соли 2025 кишварҳо дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори то 500 МВт ёддошти тафоҳум ба имзо расонида буданд.
Далер Ҷумъа қайд кард, ки Тоҷикистон айни замон асосан ба сохтмони Нерӯгоҳҳои офтобӣ такиякардааст.
"Мо асосан дар ҷануби кишвар ҳоло имконияти бештар дорем. Дар шимол талабот бештар аст, аз ин рӯ, ба қисмати шимолии кишвар афзалият дода мешавад. Мо ҳоло инро пешакӣ баррасӣ кардем. Тафсилот айни замон баррасӣ мешавад", - гуфт ӯ.
Барои татбиқи лоиҳа асосноккунии техникӣ таҳия карда мешавад.
Вазири иэнергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистон ният дорад, имсол таҳқиқоти техникииро анҷом диҳад ва татбиқи лоиҳаро оғоз намояд.