ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон омили калидии нигоҳдории субот дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Вазири дифои Русия Андрей Белоусов дар ин бора зимни мулоқот бо вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода, таъкид кард.
"Ҳамкориҳои дифоии Русия ва Тоҷикистон хусусияти стратегӣ дорад ва омили муҳим дар нигоҳдории амнияти устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Мо дар сатҳи дуҷониба, инчунин дар доираи ИДМ, СПАД ва СҲШ ҳамкории зич дорем", - гуфт Белоусов.
Вазорати дифои Русия қайд кард, ки Белоусов изҳори итминон кард, ки ин мулоқот ба ҳамкории низомии Русия ва Тоҷикистон такони нав хоҳад бахшид.
Дар навбати худ, вазири джифои Тоҷикистон Собирзода аз Белоусов барои шароите, ки барои ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ фароҳам оварда шудааст, изҳори сипос кардааст.
Қаблан, вазири дифои Русия Андрей Белоусов зимни сафараш ба Душанбе изҳор дошт, ки вазъият дар Осиёи Марказӣ мураккаб боқӣ мемонад ва субот дар минтақа аз ҳамкории Русия ва Тоҷикистон вобаста аст.