ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки шумораи бештари собиқадорони амалиёти вижаи низомӣ мехоҳанд малакаҳои худро дар ҳаёти шаҳрвандӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои интихобӣ бисанҷанд.
Рӯзи чоршанбе президент бо аъзои нави Комиссияи марказии интихоботии Русия мулоқот кард.
"Бештари собиқадорони ҷанг, қаҳрамонони воқеии амалиёти вижаи низомӣ, хидмат ба Русияро вазифаи худ медонанд ва малакаҳои худро дар ҳаёти шаҳрвандӣ, аз ҷумла идомаи хизмат дар вазифаҳои интихобӣ санҷанд", гуфт Путин.
Ахиран Комиссияи марказии интихоботии нав аввалин ҷаласаи худро баргузор кард, ки дар он аъзоён роҳбарияти комиссияро бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карданд.
Элла Памфилова барои панҷ соли оянда ба ҳайси раиси Комиссияи марказии интихобот, Николай Булаев ба ҳайси муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва Наталя Бударина ба ҳайси котиби Комиссия дубора интихоб шуданд.