ВМКБ ва Хатлон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал пурра иҷро карданд

Дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд ва аллакай дар рӯзи аввал натиҷаҳои хуб ба даст омад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ба артиш, нақшаро пурра иҷро карданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раисони вилоёт хабар додаанд.
Дар шаҳри Хоруғ, қабл аз оғози чорабинӣ раҳпаймоҳии оммавӣ аз назди майдони Исмоили Сомонӣ то боғи фарҳангӣ фароғатӣ, бо ширкати қишри васеи ҷомеа, афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақари вилоят, даъватшавандагон баргузор гардид.
Алишер Мирзонабот зимни суханронӣ гуфт, соли ҳаштум аст, ки дар ВМКБ, нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дар рӯзи аввали сафарбаркунӣ, иҷро менамоянд.
Ҳунармандони аҳли фарҳанги вилоят барои ҳозирин, барномаи консертиро бо сурудҳои ватандӯстона манзури ҳозирин гардониданд.
Бори чаҳорум аст, ки вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тавонист нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввал пурра иҷро намояд.
Ба ин муносибат дар шаҳри Бохтар роҳпаймоии ботантана ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар роҳпаймоӣ садҳо ҷавонони ихтиёрӣ иштирок намуда, омодагии худро барои ҳифзи марзу буми Ватан ба намоиш гузоштанд.
Весенний призыв новобранцев в таджикскую армию.
Дар варзишгоҳ маросими бошукӯҳи гусели сарбозон баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин чорабинӣ иштирок намуда, ба ҷавонони навдаъватшуда суханони табрикотӣ ирсол дошт.
Пас аз суханронӣ маросими анъанавии нонгазон ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.