ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ангишт" ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ширкта кард.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раисиҷумҳур, лоиҳаи азнавбарқарорсозии кони №8-и Шуроб бо дастгирии ҳукумат ва шарикони рушд амалӣ гардидааст.
Дар доираи он хатҳои истеҳсолӣ ва иншооти муҳими соҳавӣ таҷдиду навсозӣ шудаанд.
Ҳоло дар татбиқи лоиҳа зиёда аз 700 кас фаъолият дошта, тибқи нақша, шумораи кормандон, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ, то 1500 нафар расонида мешавад, омадааст дар хабарнома.
Дар оянда, бо расидани марҳилаҳои нав, ҳаҷми истихроҷи ангишт тадриҷан афзоиш ёфта, соли 2026 то 200 ҳаз. тонна, соли 2027 то 700 ҳаз. ва соли 2028 ба зиёда аз 1 млн тонна дар як сол расонида мешавад.
Ҳамзамон дар доираи лоиҳа инфрасохтори муҳими истеҳсолӣ, аз ҷумла ҳавзҳои оби нӯшокӣ, шабакаи обрасонӣ, биноҳои маишиву хизматрасонӣ ва зеристгоҳи барқӣ бунёд гардида, барои фаъолияти самараноки корхона ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бинои хобгоҳ барои 700 коргар ва инчунин бинои маъмурии хизматрасонӣ бо ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз мутобиқ ба талабот бунёд гардидааст.