Бо кадом роҳ Тоҷикистон ва Узбекистон тиҷоратро то 2 млрд доллар афзоиш медиҳанд?

Айни замон ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон ба 1 млрд доллар наздик аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Тоҷикистон ва Узбекистон нақша доранд, ки то соли 2030 гардиши молро то 2 млрд доллар афзоиш диҳанд.
Дар ҷаласаи аввали Шӯрои олии байнидавлатӣ, ки дар Тошканд бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд, густариши ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо баррасӣ гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Тарафҳо бо қаноатмандӣ қайд карданд, ки ҳаҷми савдои байни ду кишвар ба 1 млрд доллар наздик мешавад ва изҳори итминон карданд, ки ин рақам то соли 2030 ба 2 млрд доллар хоҳад расид.
Гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Ба гуфтаи хадамоти матбуот, ин бо созишномаҳо оид ба суръат бахшидан ба таъсиси маркази тиҷоратии марзии "Фотеҳобод-Ойбек", ҷорӣ намудани системаҳои сертификатсияи маҳсулоти рақамӣ ва мубодилаи иҷозатномаҳои E-Permit ва навсозии нуқтаҳои гузаргоҳи марзӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, 26-27 март ба Узбекистон сафари давлатӣ анҷом дод.
Дар қароргоҳи Кӯксарой дар Тошканд роҳбарони ду кишвар музокироти рӯ ба рӯ ва аввалин ҷаласаи Шӯрои олии байнидавлатӣ баргузор карданд.