Маълум шуд, чанд корхона дар Ӯзбекистон бо сармояи тоҷикон фаъолият дорад

Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамкории сармоягузорӣ байни ҷумҳуриҳои ҳамсоя фаъолона рушд мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Дар Ӯзбекистон беш аз 400 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Дар ин бора, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон кард. Ба гуфтаи ӯ, ин рақамҳо сатҳи баланди фаъолияти соҳибкориро дар ҳарду ҷумҳурӣ нишон медиҳанд.
"Дар айни замон, дар Тоҷикистон беш аз 130 корхона бо сармояи Ӯзбекистон фаъолият мекунанд", - қайд кард сарвари давлат.
Ӯ инчунин умедвор аст, ки иштироки тиҷорати Ӯзбекистон дар лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон минбаъд низ густариш ёбад.
Ғайр аз ин, имкониятҳои назарраси рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ қайд карда шуданд.
Ба гуфтаи Президент, ҳамкориҳои сармоягузорӣ байни кишварҳо низ фаъолона пеш мераванд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гардиши молро ба $2 млрд доллар мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26 то 27 март бо сафари давлатӣ дар Ӯзбекистон буд.
Кишвардорон дар қароргоҳи Кӯксарой дар Тошканд гуфтушунидҳои хусусӣ ва аввалин ҷаласаи Шӯрои олии байнидавлатӣ анҷом доданд.