Мишустин: Суръати рушди ММД-и кишварҳои ИИАО болотар аз Иттиҳоди Аврупо аст

Сарвазири Русия изҳор дошт, ки суръати афзоиши ММД-и кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нисбат ба суръати афзоиши ММД-и Иттиҳоди Аврупо баландтар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи васеъи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дар Шимкент эълон кард, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО дар соли 2025 1,7% афзоиш ёфтааст, ки аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Иттиҳоди Аврупо баландтар аст.
"Бо вуҷуди шароити душвори беруна ва афзоиши нооромиҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО дар соли гузашта 1,7% афзоиш ёфт. Ин нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Иттиҳоди Аврупо болотар мебошад ", - гуфт Мишустин.
Сарвазири Русия изҳор дошт, ки саноат, сохтмон ва кишоварзӣ омилҳои асосии афзоиши ММД-и Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар соли 2025 буданд.
"Саноат, сохтмон, савдои чакана ва кишоварзӣ омилҳои асосии рушд буданд", - гуфт Мишустин дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё.
Вай афзуд, ки робитаҳои иқтисодии хориҷии Иттиҳод густариш меёбанд ва бахусус, Маркази содиротии Русия ба ширкатҳои русӣ дар тақвияти ҳамкорӣ бо панҷ кишвар кумак мекунад.
Берун бурдани рубли русӣ аз Русия ба кишварҳои ИИАО маҳдуд мешавад
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.