Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Медведев: Дар соли 2026 беш аз 80 ҳазор нафар бо артиши Русия шартнома бастанд

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия эълон кард, ки дар соли 2026 беш аз 80 ҳазор нафар бо артиши Русия шартнома бастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, дар посух ба саволи хабаргузории РИА Новости, гуфт, ки аз аввали соли 2026 беш аз 80 ҳазор нафар барои хидмати ҳарбӣ шартнома бастаанд.
"Аз аввали соли 2026 беш аз 80 ҳазор нафар барои хидмати ҳарбӣ шартнома бастаанд. Ин рақам инчунин ихтиёриёнро дар бар мегирад", - гуфт Медведев.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия қайд кард, ки ин афзоиши хеле назарраси шумораи хизматчиёни ҳарбӣ мебошад, ки на танҳо шартнома бастаанд, балки ба ҷойҳои хидмати худ омадаанд.
"Яъне, онҳо ба сафи артиш шомил шудаанд ва айни замон аз кишвари мо дифоъ мекунанд", - таъкид кард Медведев.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров фарқияти низоъ дар Украина ва Эронро шарҳ дод
Дмитрий Медведев, илова кард, ки айни замон зарурати эълони мавҷи нави сафарбарӣ вуҷуд надорад.
"Дар айни замон зарурати эълони мавҷи нави сафарбарӣ вуҷуд надорад", - гуфт Медведев.
Вай афзуд, ки шумораи афроде, ки шартномаҳо барои пайвастан ба сафи артиш имзо кардаанд барои иҷрои ҳамаи вазифаҳои ҷангӣ кофӣ аст.