ДУШАНБЕ, 27мар – Sputnik. Украина барои идомаи амалиёти низомӣ то моҳи июн маблағи кофӣ дорад, навиштааст Bloomberg.
Тавре манбаъ қайд кардааст, ветои Маҷористон ва Словакия ба қарзи 90 миллиард евроии Иттиҳоди Аврупо ва баҳс дар бораи бастаи охирини кумаки Хазинаи Байналмилалии Асъор имконияти маневр кардани режими Киевро ба таври назаррас коҳиш додааст.
Дар мақола қайд карда шудааст, ки "Тибқи ҳисобҳои пешниҳодшуда аз ҷониби мақомоти дохилӣ ва хориҷӣ, ки хостанд номашон ифшои нашавад, гуфтанд Киев маблағи кофӣ барои пӯшонидани хароҷоти ыанг надорад ва маблағ моҳи июн тамом мешавад".
Тибқи иттилои Bloomberg, Маскав аз болоравии якбораи нархи нафт бинобар низоъ дар Ховари Миёна манфиат мегирад, дар ҳоле ки Вашингтон барои он хароҷоти зиёд сарф мекунад. Амалиёти ИМА ва Исроил алайҳи Эрон инчунин музокиротро дар бораи Украина манъ кардааст.
Братислава ва Будапешт қарзи Иттиҳоди Аврупоро ба Киев бинобар вазъияти лӯлаи нафти "Дружба" бозмедоранд. Интиқоли сӯзишворӣ тавассути он дар охири моҳи январ қатъ шуд. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Маҷористон, Петер Сиярто гуфт, ки Украина кӯшиш мекунад, ки ба интихоботи парлумонии кишвар, ки дар моҳи апрел сурат мегирад, таъсир расонад.
Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан ҳушдор дод, ки мавқеи ӯ бетағйир боқӣ мемонад: агар Киев хоҳад, ки аз Брюссел пул гирад, бояд таъминоти нафтро барқарор кунад.