Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Олмон мехоҳад кӯмакҳои низомии худро ба Украина қатъ кунад

Садриаъзами Олмон эълон кард, ки Украина дигар ниёз ба мушакҳои болдори кишвараш ниёз надорад, чун худи ин кишвар мушакҳои беҳтар тавлид мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Садриаъзами Олмон Фридрих Мертс дигар намехоҳад ба Украина мушакҳои дурпарвози TAURUS, ки арзишмандтарин силоҳ барои артиши Украина хоҳад буд, диҳад.
"Ман инро вақте гуфтам, ки бовар доштам, ки Бундесвер шумораи кофии мушакҳои болдори TAURUS-ро дар хидмат дорад ва мо метавонем ба Украина ни диҳем", - гуфт Мертс дар парлумон.
Вай инчунин сенарияҳои дигарро барои кӯмаки молӣ ба Киев дар сурати пирӯзии Виктор Орбан дар интихоботи парлумонӣ дар Маҷористон, ки монеъи қарз барои Украина шудааст, ошкор накард.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Коршинос: Вазъ дар атрофи Эрон нишон дод, ки Украина барои ИМА афзалият надорад
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.