Филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли анҷомёбист

Робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар солҳои охир ба сатҳи бесобиқа расидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон "Ҷилои ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" дар ҳоли анҷомёбист.
Дар ин бора, Вазорати фарҳанги Узбекистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки филм айни замон дар марҳилаи таҳрир қарор дорад.
Ин лоиҳаи муҳим - филми таърихии "Ҷилои ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ", истеҳсоли муштараки оҷонсии "Ӯзбеккино" ва "Тоҷикфилм" мебошад.
Ин филм дар бораи таърихи дӯстии мардуми тоҷик ва ӯзбек дар симои дӯстии ду мутафаккир Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ таҳия шудааст.
"Зангирӣ ё дамгирӣ": ҳунармандони театри Бохтар дар Узбекистон намоишнома мегузоранд
Ин дар ҳолест, ки аз 23 то 29 март дар Тошканд ва Самарқанд Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Дар доираи ин чорабинӣ мулоқоти се насли "Наврӯзи олам" бо ширкати рассомони Тоҷикистон ва Узбекистон, аз ҷумла шоирон ва нависандагон, ки дар баробари дигар масъалаҳо масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи башардӯстонаро баррасӣ мекунанд, дар бар мегирад.
Дар рӯзҳои фарҳанг инчунин намоиши филмҳои бадеии коргардонҳои тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Иштирокчиён метавонанд чанд филм аз ҷумла "Моҳӣ дар шаст", "Дар талоши ҳақиқат" ва "Зиндагӣ зебост"-ро тамошо кунанд.
Илова бар ин, дар ин ҳамоиши фарҳангӣ консерти "Шоми дӯстӣ", намоишҳои гурӯҳҳои гуногуни эҷодӣ, намоишномаҳои театрӣ ва намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ баргузор мешаванд.