ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Русия борҳо ба номувофиқатиҳои ҳуқуқӣ марбут ба маҳдудиятҳои ваколати раҳбари режими Киев таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.
Дар ин бора, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изщори назар кард.
"Мо борҳо ба номувофиқатиҳои ҳуқуқӣ бо конститутсияи Украина ва ғайра ва ғайра таваҷҷӯҳ зоҳир кардаем", - гуфт Песков.
Дар ин бора, котиби матбуотии президент ба хабарнигорон, дар шарҳи гузоришҳо дар бораи изҳороти Комиссияи интихоботии Украина дар бораи бекор кардани интихоботи президентии соли 2026, сухан гуфт.
Вай инчунин таъкид кард, ки масъалаи интихоботи президентӣ дар Украина муҳим аст ва Киев бояд дар бораи қонунӣ кардани мӯҳлати ваколати раҳбари давлат қарор қабул кунад.