ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи форуми байналмилалии Bharat Electricity Summit 2026 (Деҳлӣ) бо рҳбари ширкати бузурги энергетикии Ҳиндустон NTPC Limited — Гурдип Сингҳ дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни дидор тарафҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.
Тарафҳо бахусус масоили истеҳсол ва интиқоли неруи барқ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо имконияти истифодаи таҷрибаи пешқадами NTPC Limited дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикиро дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ширкати NTPC Limited яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони неруи барқ дар Ҳиндустон ва минтақа аст, ки дорои таҷрибаи ғанӣ дар рушди неругоҳҳои ангиштӣ, газӣ, обӣ ва махсусан энергияи барқароршаванда мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи Форуми байналмилалии Bharat Electricity Summit 2026 дар шаҳри Деҳлӣ вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҳиндустон Маноҳар Лал Хаттар дидору гуфтугӯ кард.
Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва ҷалби технологияҳои муосир барои рушди устувори соҳаи энергетика муҳокима гардид.