ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Дар солгарди фоҷиа дар назди маҷмааи ёдгории қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус дар вилояти Маскав гулҳо гузошта мешаванд.
Имрӯз субҳ маҷмааи ёдбуд паҳлӯи толори консертӣ бо гулҳои садбарг ва мехчагули тару тоза оро дода шуд. Хабарнигори РИА Новости хабар медиҳад, ки мардум барои поси қурбониёни фоҷиа ба назди ёдгорӣ меоянд.
Узви ҳаракати Фронти халқии умумирусиягӣ ва ихтиёркорони Корпуси наҷоти донишҷӯёни умумирусиягӣ низ барои гузоштани гулҳо омаданд.
Ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус дар минтақаи Красногорск, вилояти Маскав, 22 марти соли 2024 рух дод. Ҳамлагарон бо силоҳ ба сӯи мардуми осоишта оташ кушода, толорро оташ заданд. Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ, 149 нафар кушта, як нафар бедарак ва 609 нафари дигаро маҷрӯҳ шудаанд. Зарари расида тақрибан 6 миллиард рублро ташкил дод.
12 март Додгоҳи Русия аз 19 нафар 15 нафарро, ки дар дар ҳамлаи террористии Крокус Сити Холл даст доштанд ба ҳабси абад маҳкум кард. Чаҳор нафари дигар ба мӯҳлатҳои аз 19 солу то 22 сол зиндон маҳкум шуданд.
Тафтишот алайҳи шаш муттаҳами боқимонда идома дорад; онҳо ба рӯйхати ҷустуҷӯи байналмилалӣ ворид карда шуда, ғоибона ҷазо гирифтаанд.