ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Аврупо ба иштироки худ дар музокироти Украина исрор меварзад.
Дар ин бора, як сиёсатмадори аврупоӣ ба РИА Новости гуфтааст.
Р=зи 27 феврал, сафири Русия дар Британияи Кабир Андрей Келин изҳор дошт, ки Лондон ва муттаҳидонаш танҳо иллюзияи омода будан барои иштирок дар музокирот барои ҳалли бӯҳрони Украинаро эҷод мекунанд, дар ҳоле ки дар асл онҳо мехощанд онро мураккаб кунанд.
"Аврупо бояд дар ҳалли бӯҳрони Украина ширкат варзад. Аксари масъалаҳои мавриди баррасӣ (дар мавриди ҳалли масъала - таҳрир) ба амнияти Аврупо дахл доранд", - изҳор дошт ӯ.
Котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Русия дар ширкати Аврупо дар музокирот ҳеҷ маъние намебинад.
Песков қайд кард, ки аврупоиҳо дар раванди музокирот иштирок намекунанд ва аксарияти кулли назарҳое, ки дар пойтахтҳои Аврупо баён шудаанд, бештар барои тӯл кашидани ҷанг мусоидат мекунанд, на барои талошҳо барои ҳалли мусолиматомези он.
Аз аввали сол, ҳайатҳои Русия ва Украина бо иштироки Иёлоти Муттаҳида се даври музокирот баргузор карданд. Охиринаш дар Женева 17-18 феврал баргузор шуд.