Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо иди Наврӯз муборакбод гуфт

Як қарор раҳбарони ҷаҳонӣ ба унвони президенти Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз, номаҳои шодбошӣ равон карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Наврӯз муборакбод гуфт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Дар номаи шодбошии Путин омадааст:
Табрикоти самимии инқонибро ба муносибати ҷашни Наврӯз, ки фасли баҳор ва бозсозиро таҷассум менамояд, бипазиред.
"Бовар дорам, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ минбаъд ҳам бемайлон рушд хоҳанд кард. Ин раванд, бешак, ҷавобгӯйи манфиатҳои аслии мардумони ба ҳам дӯсти мо буда, омили муҳими таҳкими амнияту суботро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад", - омадааст дар номаи шодбошӣ.
Президенти Русия ба кишвардори Тоҷикистон саломатии комил ва комёбиҳо ва ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ таманно кардааст.
Ҳамчунин дар иртибот ба фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи як қатор сарони дигар давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз паём ва барқияҳои шодбошӣ ворид шудаанд.
"Маскав - пойтахти Наврӯз": чӣ гуна шаҳри бузурги Русия иди баҳорро ҷашн мегирад
Ҳамин тавр, кишвардори Тоҷикистонро президентҳои Чин, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Фаластин ба муносибати Наврӯз табрик кардаанд.