ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз Эрон тавассути Озарбойҷон ихроҷ карда шуданд.
Дар ин бора хабаргузории Озарбойҷон APA гузориш додааст.
Хадамоти марзбонии давлать дар шарҳи худ ба РИА Новости хабар дод, ки бинобар низоъ дар Ховари Миёна, Озарбойҷон дар маҷмӯъ 2060 нафарро аз Ҷумҳурии Исломӣ ихроҷ кардааст.
Тибқи иттилои APA, то 20 март ин шумора аллакай ба 2853 нафар аз 75 кишвар расидааст.
"Дар байни онҳо (кӯчонидашудагон - таҳрир) 470 шаҳрванди Озарбойҷон... инчунин 720 шаҳрванди Чин, 323 шаҳрванди Русия, 195 шаҳрванди Бангладеш, 184 шаҳрванди Тоҷикистон, 148 шаҳрванди Покистон ва 122 шаҳрванди Ҳиндустон ҳастанд", - қайд мекунад нашрия.
Ёдовар мешавем, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузургтарини кишвар, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Корпуси Посбонони Инқилоби Исломӣ (як воҳиди элитаи Қувваҳои Мусаллаҳ) амалиёти ҷавобӣ эълон кард. Партобҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Эрон гузориш дода шуданд ва дар қисматҳои гуногуни Исроил сиренаҳои ҳамлаҳои ҳавоӣ садо доданд.
Корпуси Посбонони Инқилоби Исломӣ (як воҳиди элитаи Қувваҳои Мусаллаҳ) амалиёти ҷавобӣ эълон кард. Партобҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Эрон гузориш дода шуданд ва дар қисматҳои гуногуни Исроил сиренаҳои ҳамлаҳои ҳавоӣ садо доданд.
Тибқи иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, АМА ва Арабистони Саудӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишвари минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар паи ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар мотами 40-рӯза эълон кард.