Бозорҳои бузурги Душанбе баста мешаванд: аз кай то кай

Ин маҳдудият дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни аҷдодии тоҷикон - Наврӯз рост меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе аз ҷумла, "Корвон" барои чанд рӯз дарҳои худро ба рӯи харидорон мебандад.
Дар ин бора, расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки маҳдудият 5 рӯз идома карда, ба рӯзҳои таътили наврӯзӣ рост меояд..
Ҳамин тавр дарвозаҳои бозори "Корвон" рӯзҳои 20, 21, 22, 23 ва 24-уми марти соли равон баста хоҳанд шуд.
Таъкид шудааст, ки дар ин рӯзҳо натанҳо бозори “Корвон”, балки дигар бозорҳои шаҳри Душанбе аз қабили "Панҷшер", "Меҳргон", "Саховат" ва дигарон низ истироҳат хоҳанд кард.
Тоҷикистониҳо дар моҳи март ним моҳ истироҳат хоҳанд кард.
Бозорҳои бузурги пойтах кори худро аз 26-уми март дарҳои худро ба рӯи харидорон боз хоҳанд кард.