ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Замон ва макони чорабиниҳои Наврӯзӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон эълон шуд.
Ҳамин тавр, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузории силсилаи чорабиниҳои идона ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора, мақомоти вилояти Хатлон гузориш додааст.
Тибқи барнома, ки 5 рӯз пайи ҳам давом мекунад, чорабиниҳои асосии наврӯзӣ соати 9:00:
21 март дар шаҳру Бохтар,
22 март дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав,
23 март дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Қубодиён, Муъминобод, Ҷайҳун, Панҷ, Хуросон ва Дӯстӣ,
24 март ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Шаҳритус, Фархор, Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Абдураҳмони Ҷомӣ,
25 март ноҳияҳои Вахш ва Восеъ баргузор мегарданд.
Дар доираи ин чорабиниҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар иқдомҳои ҷолиб роҳандозӣ мешавад.
Мақомоти Хатлон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҳар гӯшаи кишвар ба ин чорабиниҳои бошукӯҳ ҳамроҳ гардида, Наврӯзи аҷдодиро бо ҳам таҷлил намоянд.