Маскав ва Душанбе оид ба омӯзиши кайҳон тарҳи муштарак роҳандозӣ мекунанд

Русия ва Тоҷикистон қасд доранд, ки лоиҳаи муштараки ҷойгиркунии як маҷмааи муосири кайҳонӣ дар Осиёи Марказиро амалӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Русия ва Тоҷикистон якҷоя лоиҳаеро таҳия мекунанд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди маълумоти кайҳонӣ бахшида мешавад.
Ин масъала зимни мулоқоти кории Александр Рибас, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ва Сергей Савелев, муовини директори генералии Корпоратсияи давлатии Роскосмос, баррасӣ шуд.
Мавзӯи асосии музокирот ҷойгиркунии комплекси заминӣ дар Тоҷикистон буд, ки барои қабул, коркард ва нигоҳдории маълумоте, ки тавассути зондкунии дурдасти Замин аз кайҳон ба даст оварда шудаанд, пешбинӣ шудааст.
Айни замон ин ташаббус дар марҳилаи таҳияи муфассал қарор дорад. Интизор меравад, ки татбиқи он ба натиҷаҳои зерин оварда расонад:
баланд бардоштани самаранокии мониторинги ҳолат ва истифодаи захираҳои табиӣ;
такон бахшидан ба рушди инфрасохтори рақамии ҷумҳурӣ;
амиқсозии ҳамкории илмӣ-техникӣ байни ду кишвар.
Ҷонибҳо айни замон дар бораи параметрҳои асосии лоиҳа ва механизмҳои маблағгузорӣ музокира мекунанд. Хусусан, имконоти гуногуни иштироки Русия, инчунин имконияти ҷалби маболиғ аз манбаъҳои ғайрибуҷавӣ баррасӣ мешаванд.
Муҳриддин: Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар сатҳи олии шарикии стратегӣ боқӣ мемонанд
Асоси ҳуқуқии татбиқи ин ташаббус Созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон мебошад, ки ҳамкорӣ дар соҳаи омӯхтан ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои комилан осоиштаро танзим мекунад.