ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Гулхани наврӯзии Тоҷикистон 21 март, соати 04:00 дар "Боғи Ғалаба"-и шаҳри Душанбе афрӯхта мешавад.
Пас аз фурӯзон шудани гулхан маросими суманакпазӣ оғоз мегардад.
Соати 06:00 корвони наврӯзӣ бо ширкати Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон муждаи фарорасии Соли нави аҷдодӣ мерасонанд.
"Онҳо бо нидоҳои нишотангези "Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватани хеш омад!", вориди пойтахт мешаванд", - омадааст дар хабарнома.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ доир мегарданд.
Ҳамин тавр, дар рӯзҳои ҷашнӣ бо ширкати аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор карда мешаванд.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва орзую талошҳо барои пешравиҳо бештар инъикос мегарданд.