Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумаки башардӯстона фиристод

Тоҷикистон дар пасманзари ҳамалоти Исроил ба ИМА ба Эрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонию молӣ шуд, ба ин кишвар кумаки башардӯстона фиристод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯмаки башардӯстона ирсол гардид.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,6 ҳаз. тонна бор, аз ҷумла:
45 тонна доруворӣ,
маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ,
сару либоси кӯдакона,
анвои гуногуни хӯрокворӣ,
ашёи рӯзгор,
рахти хоб,
хаймаҳо,
масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.
Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18 март ба ҷониби Эрон раҳсипор шуд.
Ин кумак ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд дар кишвари дӯсту бародар мегардад, омадааст дар хабарнома.
Ёдовар мешавем, ки дар паи ҳамлаҳои Исроил ва ИМА ба Эрон ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода, садҳо кас бехонумон ва захмию маҷруҳ шуданд.
Дар паи ин ҳамлаҳо раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ ҷон бохта, ба ҷояш писараш Муҷтабо Хоманаӣ раҳбар эълон шуд.
Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро бо интихоб шудан ба мақоми роҳбари олии Эрон табрик кард
Муҷтабо дар изҳороти аввалинаш аз Исроил ва ИМА талаби ҷуброн кард ва гуфт агар шартҳои ӯ иҷро нашавад, пас ҷубронро ба зӯрӣ хоҳад ситонд.