Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лебедев: Украина ба ИДМ бармегардад

Дабири кулли ИДМ итминон дорад, ки Украина мисли Молдова ба Иттиҳод бармегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Украина ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бармегардад.
Чунин изҳоротро котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар ифтитоҳи 33-юми Намоишгоҳи байналмилалии китоби Минск изҳор дошт.
"Мо итминон дорем, ки Украина ба ИДМ бармегардад, мисли Молдова. Гарчанде ки шояд дар ҳамон формат ё шакле, ки қаблан буд, набошем, мо бо вуҷуди ин якҷоя ҳастем. Шумо дидед, ки Молдова низ дар ин ҷо ҳузур дорад. Ин хеле қаноатбахш аст", - гуфт Лебедев.
Намоишгоҳ, ки дар пойтахти Беларус баргузор мешавад, имсол ба 35-умин солгарди таъсисёбии Иттиҳод бахшида шудааст.
Дар соли 2014 гузоришҳои зиёде дар бораи эҳтимоли хуруҷи Украина аз Иттиҳод нашр шуданд, аммо кишвар дархости расмӣ пешниҳод накардааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кремл бори дигар дар бораи ғайринизомисозӣ кардани Украина таъкид кард
Моҳи майи соли 2018 Украина қарор кард, ки иштирок дар шӯроҳои ҳамоҳангсози ИДМ-ро қатъ кунад ва дар моҳи августи ҳамон сол намояндагии худро дар мақомоти оинномавии созмон баст. Аз соли 2019 инҷониб, Украина аз як қатор созишномаҳои амалкунанда дар дохили Иттиҳод даст кашидааст.