Ҷилои рангҳои дурахшони баҳор: Душанбе барои таҷлили Наврӯз омода аст - Акс

Ба Душанбе баҳори ҳақиқӣ фаро расид. Дарахтон ва буттаҳо дар боғҳои пойтахт бо гулҳои нозуки сафеду гулобӣ шукуфонанд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар кӯчаҳои шаҳр сайругашт кард ва бардошташро пешкашатон менамоем.
Sputnik
1 / 10

Душанбе бо рангҳои дурахшон ҷилвагар шудааст - плакатҳои дурахшон ва ороишоти рангоранги идона дар саросари Душанбе овезон карда шудаанд.

2 / 10

Пойтахти Тоҷикистон дар остонаи ҷашни пуршукӯҳтарин - Наврӯз қарор дорад.

3 / 10

Ин ид мувофиқи тақвими офтобии астрономӣ рамзи фарорасии соли нав ва баҳор аст.

4 / 10

Дар баробари буттаҳо, аввалин лолаҳо низ шукуфтаанд.

5 / 10

Буттаҳои шукуфон шаҳрро дигаргун сохтанд.

6 / 10

Шукуфоии баҳории Душанбе.

7 / 10

Дар пойтахти Тоҷикистон барои Рӯзи байналмилалии Наврӯз як инсталлятсияи бузурги бисёрошёна сохта шудааст.

8 / 10

Суманак ҳамчун рамзи шукуфоӣ ва хушбахтӣ дар арафаи Соли нави миллӣ омода карда мешавад.

9 / 10

Наврӯз ва як ҳафтаи пурраи таътил баҳонаи хубе барои сайругашт дар табиат мебошанд.

10 / 10

Дар майдони 800-солагии Маскав дар Душанбе омодагиҳо ба Наврӯз босуръат идома доранд.