Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия дар вилоятҳои Сумӣ ва Харков минтақаи амниятӣ бунёд месозанд

Раиси ситоди кулли артиши Русия гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳ дар вилоятҳои Сумӣ ва Харков минтақаи амниятӣ таъсис медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Гурӯҳи "Шимол" ба эҷоди минтақаи амниятӣ дар вилоятҳои Сумӣ ва Харков идома медиҳад; ба қавли сардори Ситоди кулли Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов, моҳи март панҷ маҳалла зери назорат гирифта шуданд.
Герасимов иҷроиши мақсадҳои ҷангии гурӯҳи "Ҷануб"-ро тафтиш кард ва дар пости фармондеҳӣ гузоришҳои фармондеҳ Сергей Медведевро шунид.
"Гурӯҳи "Шимол" ба эҷоди минтақаи амниятӣ дар минтақаҳои марзии вилоятҳои Сумӣ ва Харков идома медиҳад. Моҳи март панҷ маҳалла зери назорат гирифта шуданд: Бобилевка, Рогожнее, Червона Заря ва Мала Бобилевка дар вилояти Сумӣ ва Круглое дар вилояти Харков", - гуфт Герасимов.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Стубб гуфт, ки аз таваҷҷӯҳи Трамп ба Украина ноумед шудааст
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.