ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Теҳрон ба режими Киев дар бораи оқибатҳои кумак ба Тел-Авив ҳушдори сахт дод, хабар медиҳад Daily Express.
"Эрон ба Украина ҳушдори воҳиманок дод ва онро ҳадафи қонунии зарбаҳо эълон кард", - изҳор дошт нашрия.
Ин нашрия нияти Владимир Зеленскийро барои фиристодани мутахассисони украинӣ ба Ховари Миёна барои муқовимат бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ёдовар шуд.
Рӯзи шанбе портали хабарии Ynet хабар дод, ки сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз Киев дар мубориза бо ҳавопаймоҳои бесарнишин кӯмак хостааст.
Маъракаи низомии ИМА ва Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ ба ҳафтаи сеюми худ ворид мешавад. Дар тӯли ин давра ду тараф зарбаҳои мутақобила кардаанд.
Тел-Авив изҳор дошт, ки ҳадафи он пешгирӣ аз ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Теҳрон аст. Вашингтон таҳдид мекунад, ки имконоти низомии кишварро нобуд мекунад ва аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки режимро сарнагун кунанд. Аммо, Эрон таъкид кард, ки омода аст аз худ дифоъ кунад ва ҳанӯз ҳеҷ маъное барои аз сар гирифтани музокирот намебинад.