ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Тибқи иттилои РИА Новости, ки ба маълумоти Вазорати Мудофиаи Русия асос ёфтааст, дар тӯли як ҳафта низомиёни Русия ду маҳалларо дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ озод карданд.
Аз 9 то 15 март ду маҳалла таҳти назорати Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия қарор гирифтанд: яке дар Ҷумҳурии Халқии Донетск ва дигаре дар вилояти Сумӣ.
Аз 2 то 8 март низомиёни Русия ҳафт маҳалларо озод карданд: чор дар Ҷумҳурии Халқии Донетск ва сетои дигар дар вилоятҳои Харков, Сумӣ ва Запорожйе.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.