Биржаи Петербург мехоҳад бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад

Намояндагони Биржаи Петербурги Русия ба Душанбе сафар карда масъалаи фаолияти ин биржа дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар - Sputnik. Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Рибас бо раҳбарияти Биржаи Петербург масъалаи фаъолияти ин Биржа дар ҷумҳуриро баррасӣ кард.
Тавре дафтари матбуоти намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар додааст, мулоқоти мазкур бо Александр Павлов, мудири иҷроия ва Анзор Пшиншев, роҳбари департаменти биржаи Петербург дар Душанбе сурат гирифт.
Замни мулоқот тарафҳо, таъсиси савдои биржавӣ барои як қатор молҳои калидӣ дар бозори Тоҷикистон, таҳияи механизмҳои муосири тиҷорати электрониро баррасӣ карданд.
Инчунин тарафҳо дар бораи низоми тиҷорати электронӣ дар биржа, гуфтугӯ карданд.
Биржаи Петербург яке аз се биржаи бузургтарини молҳо дар ҷаҳон аст, ки дар ҳудуди Авруосиё як майдони муосири тиҷоратии захоири энергетикӣ мебошад.
Ширкатҳои Русия мехоҳанд дар парки технологии Тоҷикистон маҳсулот истеҳсол кунанд
Дар биржа нафт ва маҳсулоти нафтӣ, гази табиӣ, ангишт, чӯб, нуриҳои минералӣ ва як қатор молҳои дигар савдо мешаванд.
Пас аз мулоқот, ҷонибҳо инчунин дурнамои ҳамкории минбаъда, аз ҷумла мубодилаи таҷрибаи байнидавлатӣ, таҳияи механизмҳои муосири тиҷорати биржавӣ дар Тоҷикистон ва омӯзиши мутахассисони тоҷикро баррасӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки чунин ташаббусҳо барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ байни Русия ва Тоҷикистон равона карда шудаанд.