ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, изҳор дошт, ки кишварҳои "миллиарди тиллоӣ" давоми низоъ дар Украина, ки аз ҷониби Ғарб таҳрик дода шуд, маблағи бузурге ба даст меоранд ва "мақсадҳои сиёсии худхоҳона"-и худро амалӣ мекунанд.
Медведев дар мақолаи худ барои маҷаллаи "Эксперт" бо номи "Технологияҳои нав: Зинапоя ба сӯи биҳишт ё роҳ ба сӯи дӯзах", ба масоили таъсири низоъ дар Украина ва набудани вокуниши муносиб аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хатарҳои технологӣ дахл мекунад.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъкид мекунад, ки бӯҳрони атрофи Украина аз ҷониби Ғарб ба вуҷуд оварда шудааст.
"Дар ҳамин ҳол кишварҳои "миллиарди тиллоӣ" маблағи бузурге ба даст меоранд ва мақсадҳои сиёсии худхоҳонаи худро амалӣ мекунанд", - таъкид кард ӯ.