Душанбе, 11 мар - Sputnik. Вашингтон пеш аз аз сар гирифтани музокирот ба Маскав ягон шарти оташбас нагузоштааст.
Дар ин бора, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт.
Қаблан, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков хабар дода буд, ки президенти ИМА Доналд Трамп зимни сӯҳбат бо раҳбари Русия Владимир Путин ба анҷоми низоъ дар Украина бо оташбаси фаврӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.
"Не, чунин шартҳо муқаррар нашудаанд; ин аллакай борҳо баррасӣ шудааст", - гуфт Песков ба хабарнигорон дар посух ба савол дар бораи он, ки оё Трамп бори дигар аввал оташбасро талаб мекунад ва сипас музокиротро аз сар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти махсуси низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.