Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Песков: Амалиёти вижаи низомӣ бояд муваффақ бошад

Сухангӯи раисҷумҳзури Русия гуфт, ки амалиёти вижаи низомӣ пешравӣ дорад ва он бояд муваффақ бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки амалиёти вижаи низомӣ пеш меравад ва бояд муваффақ бошад.
"Онҳо (низомиёни Русия) ба таври системавӣ кор мекунанд. Амалиёти вижаи низомӣ пеш меравад. Он бояд пеш равад ва муваффақ бошад, то чунин амалҳо дигар такрор нашаванд", - гуфт Песков.
Оцои Песков ин изҳоротро дар посух ба саволи РИА Новости дар бораи вокуниши Русия ба ҳамлаҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина кард.
Шоми сешанбе губернатори вилояти Брянск Александр Богомаз эълон кард, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба Брянск ҳамлаи мушакӣ анҷом додаанд, ки дар натиҷа шаш нафар кушта ва 37 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт, ИМА барои қатъи оташбас бо Украина, ба Русия шарте нагузоштааст
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Русия, 35 нафар аз захмиён ба беморхонаҳои Брянск интиқол дода шудаанд, ки баъзеи онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Рӯзи чоршанбе Вазорати тандурустии Русия хабар дод, ки нӯҳ нафари маҷрӯҳшуда дар ҳамлаи мушакӣ дар Брянск ба Маскав интиқол дода мешаванд.