Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Кремл бори дигар дар бораи ғайринизомисозӣ кардани Украина таъкид кард

Сухангӯи раисҷумҳури Русия бори дигар аз ғайринизомисозии Украина ҳамчун яке аз ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар гуфтугӯ бо расонаҳо таъкид кард, ки ғайринизомисозии Украина ва маҳрум кардани Киев аз имконияти анҷом додани ҳамлаҳои ваҳшиёна ба монанди ҳамлаи ваҳшиёна ба Брянск яке аз ҳадафҳои аслии амалиёти вижаи низомӣ аст.
"Дар асл ғайринизомисозии Киев ва маҳрум кардани Украина аз имконияти анҷом додани чунин ҳамлаҳои ваҳшиёна яке аз ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ аст", - гуфт Песков.
Вай таъкид кард, нерӯҳои Русия ба ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба Брянск посухи қатъи хоҳанд дод.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт, ИМА барои қатъи оташбас бо Украина, ба Русия шарте нагузоштааст
Қаблан, губернатор Александр Богомаз хабар дода буд, ки террористони украинӣ рӯзи сешанбе ба Брянск бо ҳафт мушаки "Storm Shadow" ҳамла кардаанд.
Тибқи маълумоти охирини мақомоти минтақавӣ, дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ шаш нафар кушта ва 42 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.